ш.Душанбе. 10.09.2021. Имрӯз дар майдони “Нишони давлатӣ” ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сокинону меҳмонони пойтахт барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарӣ, иборат аз суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ ва шоу – барномаи дронҳо бо намоиши 13 элементи нави ҷаззобу диданӣ, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ ширкат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки имсол мардуми шарафманд ва тамаддунсози тоҷик 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил менамоянд.
Тантанаҳои асосии идона ба ифтихори ин санаи муҳим ҳанӯз 7 сентябри соли 2021 бо баргузории паради ҳарбӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, оғоз гардида буд.
8 сентябр дар Кохи Борбад бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
9 сентябр дар майдони марказии пойтахт бо иштироки Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар сокинони пойтахт, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва донишҷӯёну хонандагон роҳпаймоии осоишта ва бегоҳии рӯзи 9 сентябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид.