Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Россия, Туркия, Украина, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.
Дар оғози мусобиқа муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширакат ва суханронӣ намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, рақобатҳо дар 5 вазн: 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва дар як вазн: 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ғолибони ҳар 6 вазн бо шоҳҷоизаи мусобиқа – мошини сабукрав қадрдонӣ карда шуданд.