ш.Душанбе. 12.11.2022. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси ба Шавкат Раҳимов, дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс), тақдим намудани хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт ба тасвиб расид.
Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов санаи 5 ноябр дар шаҳри Абу Дабӣ пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, дар раунди нуҳум муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро ба накаут фиристода бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик қаҳрамони IBF гардида, унвони қаҳрамониро соҳиб гашт.
Қайд бояд кард, ки IFB яке аз бузургтарин созмонҳои бокси касбӣ дар ҷаҳон дониста шуда, соли 1983 дар Амрико таъсис ёфтааст. Муштзанҳои машҳури дунё аз қабили Ҷорҷ Форман, Эвандер Холифирд, Майк Тайсон, Владимир Кличко ва чанде аз дигар варзишгарони ҳирфаӣ сазовори ин унвон гардидаанд.