ш.Душанбе. 14.11.2022. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 15 солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади амалӣ намудани таҷрибаи самарабахши пешгирии исрофкорӣ дар ҷомеа конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим» доир гардид.
Дар кори конференсия роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Дастгоҳи иљроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳрӣ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, намояндагони комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон, маъмурини ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт, мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Кори конференсияро нахуст муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, воқеан ҳам дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати соҳибистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла, «Иҷлосияи 16-ум оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва миллӣ», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ роҳнамои рушди босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон», «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олї-заминаи таҳкими сиёсати иҷтимоӣ», «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ», «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустин минбари мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Нақши Пешвои миллат дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Консепсияи танзиму сарфаҷӯии Пешвои миллат ва ањамияти миллию глобалии он» ва ба ин монанд маърӯзаҳо намуда, мисолњои ҳаётӣ оварданд.
Аз ҷониби маърузачиён зикр гардид, ки бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.
Зикр шуд, ки Қонуни мазкур моҳиятан ба ислоҳи падидаҳои манфии иҷтимоӣ ва манфиати мардум равона гардидааст. Тавсеа ва устуворгардии ғояи қонуни мазкур ва бо чунин ҳадаф татбиқ ёфтани он аз донишу масъулият ва рафтори содиқонаву виҷдонии ҳар як фарди миллат, зиёиён, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахусус кормандони мақомоти масъул бастагии ҷиддӣ дорад.
Воқеан ҳам рисолати Қонуни мазкур ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ буда, дар зарфи понздаҳ соли амалкарди худ дар ҳаёти миллат таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.
Тибқи маълумоти оморӣ аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то нӯҳ моҳи аввали соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ 14575 маъракаи хатнасур, 98747 тўйҳои домодию арўсӣ, 16974 маъракаи чил ва 14343 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 40023 чорвои калон ва 7462 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 144640 ададро ташкил медиҳад. Хароҷоти умумӣ ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда, 481 миллиону 390 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.
Дар давоми понздаҳ соли сипаригардида, 412 адад тўйҳои домодию арўсии хайриявӣ ва 6790 адад хатнасурҳои хайриявӣ баргузор карда шудааст. Ҳангоми назорат аз рафти баргузории маъракаву маросими шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа тайи ин муддат 902 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст.
Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим боис гардид, ки хароҷоти зиёдатӣ дар зарфи 15 соли амалкарди Қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шавад.
Дар фарҷоми Конференсия миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.