Шоми 4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз маркази фарҳангию маърифатии «Заряде»-и шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.
Маҷмааи нодири табииву фароғатии «Заряде» дар маркази таърихии шаҳри Москва, дар шафати Қасри Кремл дар майдони 13 гектар аз рӯи консепсияи манзаравию меъмории гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ бунёд ёфта, он соли 2017 дар ҳошияи таҷлили 870–солагии Москва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Дар ин мавзеи хушманзара шумораи зиёди майдончаҳои сабзпӯш, ки чор минтақаи махсуси табиии Федератсияи Россияро муаррифӣ мекунанд, ҷойгир карда шудааст.
Бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳону меҳмонон, дар болои дарёи Москва иншооти «пули муаллақ» — майдони тамошо сохта шудааст. Ҳамчунин дар ҳудуди маҷмаа толори бузурги консертӣ барои 1900 тамошобин, намоишгоҳҳову аттраксионҳои интерактивӣ, маркази «Ғори яхин», осорхонаи интерактивии зеризаминӣ ва дигар иншооти илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд.
Бознашр аз саҳифаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе