ш. Душанбе. 09.02. 2023. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Самех Нагуб Вах ва муовини якуми Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон хонум Уно Ҷунко мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки ҷаҳонӣ ва JICA муҳокима гардид.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе аз сатҳи ҳамкориҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки раванди маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки шаҳри Душанбе минбаъд низ босамар идома хоҳанд ёфт.
Зимни мулоқот саҳми бонк ва JICA дар рушди бахши обтаъминкунӣ ва корезӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ ва ислоҳоти идораи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе таъкид гардид.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.