Албатта, пайроҳаи паймудаи се соли охири давлатсозии миллиамонро бо таваҷҷуҳ ба навсозиҳои навини маркази тоҷикони олам – шаҳри Душанбе, ки имрӯз шаклу намояшро ба сурати хеле диданиву ҷолиб ҷилвагар намудааст, бањогузорӣ намоем , бо сароҳат метавон изофа намуд, ки арзишҳои таърихиамон ин масири созандагиро на ба сифати як арқоми маъмулӣ, балки ҳамчун як фасли мукаммали ифтихори бунёдкории сифатноки навин сабт хоҳанд намуд. Зеро натоиҷи чунин меъёру ҳадро ҳанӯз аз замони ҳастии башарият то ба имрӯз, на мову шумо, балки танҳо довари одилонаи замон «ВАҚТ» муайяну баҳогузорӣ карда метавонад.
Шурӯъ аз масоили куҳнатарини нақлиёти ҷамъиятии сокинон то беҳбудсозии гулгашту боғҳои муосир, бунёди хонаҳои баландошёна бо намои миллӣ ва ҳамчунин, эҳёи роҳҳои навини сеқабатаю таҷдиди нақшаи генералии пойтахт аз ҷумлаи он ибтикороти муаззаме мебошанд, ки иҷрои самараноки ин гуна созандагиҳо, мисли “офтобро бо домон пӯшонидан нашояд” аст…
Одатан, тамошову сайругашт дар табиати зебову муҳити фараҳафзо ба дилхоҳ инсон ҳузуру ҳаловати дигар мебахшад. Насбу шинонидани намунаҳои нодири гулу буттаҳои ороишиву накҳатбор бо тарҳи муосири миллӣ бештари кӯчаву роҳрав ва гулгашту боғҳои навбунёди пойтахти азизамонро зебу зинати хосса бахшида, боиси афзун гардидани маҷмӯи васеи сайёҳону меҳмонон ва хориҷиёни зиёд гардид. Агарчи ин тасмими муфиду иқдоми тарабафзо дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯйи даст гирифта шуда бошад ҳам, вале иҷрои ин ҳама тарҳу навгониҳои назаррабо аз бозую устувории рустамонаву завқи баланди зебоиофарии роҳбарияти олии шаҳрдору шаҳрофар вобастагии мустақим дорад.
Мусаллам аст, ки дастоварду комёбиҳои арзишманди ифтихорӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбарии ҷавону кордон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба миён омаданд. Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахти кишвар ҳанӯз моҳҳои аввали соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи сайёҳӣ ояндадор мақоми аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34 travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии «Mastercard» тасдиқ намуда, ба нашр расонид. Дар ин феҳрист шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гардид.
Соли 2018 бошад, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои рушди имкониятҳои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19-уми апрели соли мазкур Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Федератсияи Россия дар қисме аз нашрияҳои давриаш ба нашр расонид. Дар ин замина навгонии муассире, ки зикраш боиси таъкиди махсус аст, ин дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7-ум то 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, пойтахти кишвар ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. “Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо ва пеш аз ҳама, сокинони пойтахт дар ҳамбастагӣ қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро бо дарки масъулияти баланд ба хотири ояндаи неки Ватан, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои олии халқу давлатамон иҷро хоҳем кард”. Бо дарназардошти амалисозии ин нуқтаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии сокинони сарбаланди пойтахт, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки пойтахти Тоҷикистон имрӯзҳо ба як шаҳри зебову дилоро ва диданиву сутуданӣ табдил ёфтааст. Мутобиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст. Давоми солҳои 2019 – 2021, ки ба истиқболи таҷлили ҷашни умумимилии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, дар шаҳри Душанбе беш аз 3200 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ”, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифтанд.
Бо назардошти тавсеаи нави ҳамкориҳои гуногунҷанбаи хориҷӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми солҳои 2021 ва 2022 ҷиҳати иштирок дар як қатор ҷаласаҳои сатҳи олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин саҳмгузорӣ дар конфросу Форумҳои байнипарлумонӣ сафарҳои корӣ анҷом дода, бо масъулини сохторҳои баландпояи ин ҷумҳуриҳо мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуд.