Бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи кумитаи тадорукот боваста ба баргузории чорабинии бошукуҳи варзишӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Дар ҷаласа муовинони Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаҳои олимпӣ, ҷавонон ва варзиш, федератсияи Ҷудои кишвар, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва дигарон ширкат доштанд.