ш.Душанбе. 25.07.2023. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мудири намояндагии ширкати итолиёвии «BBT Impianti» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Омар Антонио доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BBT Impianti»-ро баррасӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот Абдураҳмонзода А.С. ба зарфиатҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ишора карда, фазои ҳуқуқию андозии кишварро барои сармоягузории хориҷӣ мусоид таъкид намуданд.
Бо тамаркуз ба самти фаъолияти «BBT Impianti» ва имкониятҳои ду кишвар, муовини Раиси шаҳри Душанбе таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, хусусан истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргариро дар шаҳри Душанбе ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда баҳри таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир баён доштанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Абдураҳмонзода А.С. ҷиҳати иштироки ҳайати «BBT Impianti» дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023», ки 29-30 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварданд.