ш.Душанбе. 27.07.2023. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Пойтахт” доир гардид.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Раиси ташкилоти ибтидоӣ Каримзода Насимҷон ва аъзоёни ҳизб иштирок доштанд.
Ба муҳокимаи маҷлиси ҳисоботӣ-ҳизбии имрӯза масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуд:
– Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият то моњи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
– Ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;
– Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023;
– Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ;
– Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда баромади Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Олимов Фирӯз ва баромади сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод шунида шуд.
Садорат ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои ҷориро ҳаллу фасл намуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва муовини онро аз сари нав интихоб намуда, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати комёбу комили Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуданд.