ш.Душанбе. 14.12.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин муҳтарам Чжан Тсинвэй, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи баланди миёни кишварҳои мо маҳсуб меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи августи соли ҷорӣ сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бобарору судманд анҷом ёфт.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои судманди байни Тоҷикистону Чин робитаҳои доимии сиёсӣ, муколамаи мунтазам ва боэътимоди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин заминаи воқеӣ гузоштаанд.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯи робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми афзалиятноку хосса дошта, мо ба рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳоямон бо кишвари дӯсти Чин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Тоҷикистон ва Чин на танҳо кишварҳои ҳамҷавор, инчунин тамаддунофару соҳибфарҳанг ва шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд.
Имрӯз парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд ва равобити миёни давлатҳоро мукаммал мегардонанд.
Дар ин замина, ҷонибдорӣ аз тақвияти робитаҳо бо Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин иброз гардид.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд.
Байни кишварҳои мо раванди шарикии стратегии ҳамаҷониба дар заминаи меъёрию ҳуқуқии муносиби муносибатҳои ду кишвар, ки зиёда аз 200 санади дуҷонибаро ташкил медиҳад, босуръат тавсеа меёбад.
Имрӯз Чин шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол менамояд.
Дар даҳ соли охир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, ки бештар ба соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти миллӣ равона карда шудаанд.
Бо назардошти мавҷудияти имкониятҳои зиёд барои рушди минбаъдаи тиҷорати дуҷониба иштироки ширкатҳои чинӣ, ки бо имконоту зарфиятҳои бузурги молиявӣ, фановарӣ ва технологӣ дар миқёси ҷаҳон соҳибном гаштаанд, дар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Инчунин, имконияти ҳамкориҳои дуҷониба бо ширкатҳои Чин дар бахшҳои саноатҳои кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, гидроэнергетика, нассоҷӣ, электронӣ, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, инчунин, металлургияи ранга, технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки аз самтҳои ояндадор ба ҳисоб мераванд, баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва фарҳангро аз самтҳои муҳими рушди муносибатҳои гуманитарӣ шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ин робитаҳо таъкид намуданд.
Дар қатори масъалаҳои дигар оид ба ҳамкории фаъоли Тоҷикистону Чин дар доираи сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дастгирии ташаббусҳои якдигар дар арсаи ҷаҳонӣ, ибрози назар карда шуд.
Ҳамчунин, тавсеаи ҳамкории боэътимоди кишварҳо дар соҳаи амният ва бахши ҳарбию техникӣ, дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ муҳим дониста шуд.
Дар мулоқоти ҷонибҳо инчунин оид ба мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон мубодилаи афкор карда шуд.