ш.Душанбе. 20.12.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо баргузории як ҳамоиши тантанавӣ аз озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» натиҷагирӣ карда шуд ва беҳтарин соҳибкорон, ки дар рушди соҳа ва ғанӣ гардонидани буҷети пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе саҳми назаррас гузоштаанд, қадрдонӣ гардиданд.
Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт ва соҳибкорон нерӯбахши ин муҳаррик ҳастанд. Ин аст, ки дар кишвар барои рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд. Ба имзо расидани Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз қарори 597 аз 10 ноябри 2023 дар бораи ҷамъбасти озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» бо дарназардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо ин роҳ қадрдонӣ кардани беҳтарин соҳибкорон гувоҳи барҷастаи ҳамкории зичи мақомот бо соҳибкорони ватанӣ мебошад.
Маросими ҷамъбасти озмун ва қадрдонии ғолибон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар Меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии пойтахт бо ширкати доираҳои соҳибкории пойтахт ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Чорабниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ба соҳибкороне, ки дар рушду пешрафти шаҳри Душанбе, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи шаҳр саҳми назаррас мегузоранд, арзи сипоси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо расонид.
Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022» аз рӯйи 16 номинатсия доир гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, иштирокчиёни озмуни шаҳрӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тамоми ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2022»-ро барои соҳиб гардидан ба диплому ҷоиза ва сипосномаҳо сидқан шодбош гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки қадрдонӣ шуданашон аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ онҳоро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ боз ҳам ҳавасманд менамояд. Дар интиҳо ба хотири болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.