Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо тамоюли тавсеаи устувори робитаҳои мутақобилаи судмандро бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.