ш.Душанбе. 04.04.2024. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи созанда миёни кишварҳои мо маҳсуб меёбад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ бо кишвари бародари Туркманистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин робита, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми шоистаи Пешвои Миллии мардуми туркман — Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ қайд намуда, ба талошҳои доимии ӯ дар таъмини рушди бемайлон ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо нақши муассири парламентҳои ду кишварро дар таъмини инкишофи муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ зикр карда, изҳори боварӣ намуданд, ки робитаҳои судманди байнипарламентӣ ба равобити байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон мазмуну муҳтавои тоза зам намоянд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои нафту газ, кимиё, металлургия, нақлиёту коммуникатсия ва аграрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар густаришу тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ иброз доштанд.
Ҳамчунин, доир ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мушкилоти Афғонистон ва роҳандозии талошҳои муштарак дар самти мубориза бар муқобили таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, мубодилаи афкор анҷом дода шуд.