ш.Душанбе 07.05.2024. Имрӯз дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе Давлатзода Давлат Раҳмон бо сармоягузори Давлати Қатар Насир Муҳаммад Ал-Наимӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ роҳандозии робитаҳои дуҷониба дар самти сармоягузорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ карда шуд.