Тибқи ҷадвали багузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амволи шаҳр ”- и Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убадулло, Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – Давлатзода Давлат Раҳмон ва аъзоёни ҳизб иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, дар бораи интихоби вакилон барои иштирок дар Конференсияи 33 – юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъалаҳои ҷорӣ барраси гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Нахуст, мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амволи шаҳр” дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 шунида шуд. Зимни ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амволи шаҳр» фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиғ намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб, нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва нақшаи кории Ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақтӣ ба аъзоён, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар Ташкилоти ибтидоӣ ба роҳ мондааст. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амволи шаҳр» бо масъулияти баланд дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барнома, қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилиҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ҳамзамон тибқи масъалаҳои дигари рўзномаи маҷлис оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амволи шаҳр” бо тарафдории аъзои ташкилот Давлатзода Давлат Раҳмон раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуда, ҳамзамон муовини раиси ташкилот интихоб гардид.
Инчунин тибқи масъалаи сеюми рузнома Шерализода Умед ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.
Сипас дар бораи пешниҳоди вакилон барои иштирок дар Конференсияи 33 – юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар идома Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда, иброз намуд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи тафаккури Пешвои муаззами миллат аст ва бо назардошти афкору андешаҳои табақаҳову гурўҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфта, тавонист, ки дар марҳилаи хеле кўтоҳи таърихи ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзуву ормонҳои мардумро дар худ таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад.
Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кўшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст.
Дар фарҷом нафароне, ки тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд ба онҳо шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд. Ҳамзамон барои фаъолияи самаранок ба аъзоёни ҳизб Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.