Имрӯз дар пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовинони Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорон иштирок доштанд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон баромад намуда қайд кард, ки соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт ва соҳибкорон нерубахши ин муҳаррик буда, ин аст, ки дар мамлакат барои рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки озмун дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе бо назардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа доир гардид.
Ҳамзамон ҳадафи озмун таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва бо ин роҳ қадрдонӣ намудани беҳтарин соҳибкорон гувоҳи барҷастаи ҳамкории зичи мақомот бо соҳибкорони ватанӣ маънидод гардид.
Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» аз рӯйи 15 номинатсия доир гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ниҳоят, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Реал Трейдинг» – аз рӯйи номинатсияи «Савдо» ғолиби мутлақи озмун ва Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе эътироф гардида, бо Ҷоми фахрии Ғолиб қадрдонӣ карда шуд.
Соҳибкорон ва кормандоне, ки барои ташкил намудани чорабинии мазкур ва иштироки фаъолона дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023» саҳмгузорӣ намудаанд, бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон тамоми ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2023»-ро барои соҳиб гардидан ба диплому ҷоиза ва сипосномаҳо сидқан шодбош гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қадрдонӣ шудан онҳоро ба пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои бештари корӣ боз ҳам ҳавасманд мегардонад.
Дар фарҷом, баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи фарҳангии омоданамудани Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод гардид.