ВОХӮРИИ МУОВИНОНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ЧИНӢ
ш.Душанбе. 13.09.2024. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Раҳимзода Толиб бо роҳбарияти ширкати чинии «Xiongan times Technology Group Co., LTD Abit investment (Hong Kong) Co., LTD» мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар навбати худ, роҳбарияти ширкати хитоӣ лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳоро пешниҳод кард ва зарурати чунин корхонаҳоро барои коркарди дуюми партовҳои сахти маишӣ қайд намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш мавриди баррасӣ қарор дода шуд.