Имрӯз вохӯрии ҳайати Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати чинии “Damingong”, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва мебел машғул аст, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни имкониятҳои рушди ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва интиқоли маҳсулоти рақобатпазир ба бозори пойтахт мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ изҳор намуданд.