Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд ва беҳтарин соҳибкороне, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи пойтахти мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, қадрдонӣ гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии онҳо таваҷҷуҳ равона намуда, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз10 ноябри 2023, №597 бо дарназардошти саҳми арзандаи соҳибкорон дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети шаҳри Душанбе, баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаю созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ ҳамасола озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе»-ро доир менамояд.
Маросими ҷамъбасту ҷоизасупории озмун ва қадрдонии ғолибон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии пойтахт бо иштироки роҳбарияти Мақомот ва доираҳои соҳибкории пойтахт ташкил ва баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ба соҳибкороне, ки дар рушду пешрафти шаҳри Душанбе, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи шаҳр саҳми назаррас мегузоранд, арзи сипоси роҳбарияти Мақомотро расонид.
Озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» дар соли 2024 аз рӯйи 16 номинатсия доир гардида, ғолибон бо стела, диплом, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва иштирокчиёни фаъоли озмуни шаҳрӣ бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёвар» барандаи унвони«Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2024» гардида, бо «Ҷоми фахрии Ғолиб» сарфароз гардонида шуд.
Дар фарҷом ба хотири болидахотирии иштироккунандагон барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.