No Result
View All Result
No Result
View All Result
TJ | RU
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос
No Result
View All Result
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Давлат ДАВЛАТЗОДА: “Сармоягузорӣ фишанги тавонои рушди пойтахт аст”

Share on FacebookShare on Twitter
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим ва раванди беҳтар гардонидани рушди соҳибкорӣ ва истифодабарии самараноки моликияти коммуналӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.

Ҷалби беш аз 2 млрд доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти пойтахт
Тавре Давлат Давлатзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар суҳбат ба рӯзномаи “Паёми Душанбе” иттилоъ дод, ба ҳолати моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр 44 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, ба иқтисодиёти шаҳр маблағи 25 миллиону 691 доллари ИМА ворид гардидааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июли соли 2025 ба иқтисодиёти шаҳр маблағи 2 миллиарду 919 миллиону 19 ҳазор доллари ИМА сармоягузориҳои хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз ин маблағ 28 миллиону 838 сармоягузории мустақим ва 2 миллиарду 890 миллиону 181 ҳазор доллари ИМА-ро дигар сармоягузориҳо ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 600,9 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд, ки аз ин маблағ ба шаҳри Душанбе 227,6 миллион доллар ё ин ки 39 фоиз рост меояд. Аз аввали татбиқ то инҷониб 186 миллион доллари ИМА ё ин ки 81,7 фоиз аз худ карда шудааст.

Ҳоло дар шаҳр татбиқи чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки бевосита аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идора карда мешаванд, идома доранд, аз ҷумла: лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 88,4 миллион доллари ИМА, лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 32 миллион доллари ИМА, «Лоиҳаи рушди соҳаи нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонии шаҳри Душанбе, марҳилаи 2» маблағи 8,8 миллион доллари ИМА ва «Лоиҳаи таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» маблағи 11,1 миллион доллари ИМА.

Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Созишномаи пешниҳоди пешпардохт байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд Созишномаи субсидионӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» ба маблағи 1 миллону 500 ҳазор доллари ИМА ба имзо расида, маблағи мазкур барои гузаронидани асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологию иҷтимоӣ равона гардида, то инҷониб 293 ҳазор доллари ИМА ё ин ки 19,5 фоиз аз худ карда шудааст.

Бо мақсади ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр соли ҷорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Қирғизистон, Узбекистон, Ветнам, Давлати Қатар, Мисри Араб, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯриҳо доир шуда, ба онҳо 103 лоиҳаи афзалиятноки тиҷоратӣ ва грантӣ, ки аз ҷониби раёсат омода гардидааст, пешниҳод ва муаррифӣ шуда, ҳамкориҳо вобаста ба ҷалби сармоягузориҳо идома доранд.

Бунёди 21 корхона бо саҳми соҳибкорон дар шаш моҳ
Яке аз самтҳои афзалиятнок дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ маҳсуб ёфта, ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти пойтахт ин нигоҳ доштани заминаҳои мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ, ба ҳолати
1 июли соли 2025 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳри Душанбе ба 51 858 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3326 адад зиёд мебошад.
Раёсат бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорию сармоягузорӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон 20 феврали соли 2025 вобаста ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» семинар – машварат бо зиёда аз 400 нафар ва 19 июни соли 2025 мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои дурнамои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ» бо иштироки зиёда аз 80 нафар баргузор намуд.

Дар ин росто, бо мақсади ҳавасмандгардонии соҳибкорон санаи 16 майи соли 2025 вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсат озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор гардид, ки дар он тарабхонаи «Латина Душанбе» «беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2024» дониста шуда, ғолибони номинатсияҳои дигар ва тарабхонадорон бо тӯҳфаҳо, сипосномаҳо ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шудаанд.

Ҳамчунин, 25 июли соли ҷорӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 ноябри соли 2023, №597 озмуни Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2024 аз рӯйи 16 номинатсия баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва барандаи унвони «Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2024» ғолиби номинатсияи «Савдо» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёвар» бо «Ҷоми фахрии Ғолиб» сарфароз гардонида шуданд.

Вобаста ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» фаъолият менамояд, ки дар давраи сипаригаштаи соли 2025 муассисаи мазкур ба 16 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи 110,75 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ бо 10 фоизи солона ҷудо намудааст. Инчунин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорони шаҳри Душанбе 3,6 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон дар шаҳри Душанбе 21 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо 375 ҷойи корӣ бунёд гардидааст. Бархе аз онҳо бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди ифтитоҳ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, Корхонаи заргарии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” бо зиёда аз 60 ҷойи корӣ ва Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Гардӣ» бо зиёда аз 210 ҷойи кори доимӣ дар марҳилаи аввал.

Беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҳисоби иҷора ба буҷет ворид шудааст
Дар шаҳри Душанбе 1265 объекти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Бо мақсади истифодабарии самаранок ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналии шаҳри Душанбе номгӯйи иншооти моликияти коммуналӣ ташкил шуда, дар заминаи онҳо муассиса ва корхонаҳои давлатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолият доранд, ки таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки амволи дар тавозунашон қарордошта ба зиммаи роҳбарияти корхонаю муассисаҳои мазкур гузошта шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли 2025 аз ҳисоби 458 иҷорагир, аз ҷумла: 6 иҷорагири манзилҳои истиқоматӣ ва 452 иҷорагири қисм ва ҳудуди иншооти объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе маблағи 4 115 195 сомонӣ ба буҷети шаҳр ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 823 425 сомонӣ зиёд мебошад.

Масоҳати умумии иҷора 90 656 метри мураббаъро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 9059 метри мураббаъ зиёд гардидааст. Аз ин ҳисоб 2270 нафар бо ҷойҳои кор таъмин гардидаанд.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд низ бо мақсади пешрафти фаъолияти соҳа ва иҷрои саривақтии вазифаҳои ба зиммадошта тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, – гуфт дар охири суҳбат Д. Давлатзода.

Л. ШАРИФЗОДА,
“Паёми Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

six + 9 =

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

© 2021

Navigate Site

Follow Us

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос

© 2021

en_USEnglish
en_USEnglish