12 августи соли 2025 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии роҳбарият бо ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.
Ҷонибҳо дурнамоҳои ҳамкориро дар самтҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва тиҷорат баррасӣ намуда, оид ба имкониятҳои рушди ҳамкории бахши хусусӣ табодули афкор намуданд. Дар анҷоми мулоқот роҳбарияти Кумита меҳмононро барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025», ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват кард.

