Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни шаҳри Душанбе ва минтақаи Фландрия дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, илму техника, саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, энергияи сабз, мудирияти ҳушманд ва истифодаи зарфиятҳои сайёҳӣ табодули назар намуданд.
