Имрӯз вохӯрии намояндагони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати чинии “Дамингун” (Damingong) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва интиқоли маҳсулоти рақобатпазир ба бозори пойтахт мубодилаи афкор намуданд.
Ҷониби ширкати чинӣ ҳавасмандии худро бобати сохтмони комплекс иборат аз меҳмонхона, маркази савдо (гипермаркет), тарабхона, маркази фурӯши мебели хушсифат ва масолеҳи сохтмонӣ иброз намуд.
Дар анҷоми мулоқот роҳбарияти Раёсат меҳмононро барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025», ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуда, ҷиҳати пайгирии масъалаҳои баррасигардида ва роҳандозии тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.

