Имрӯз мулоқоти намояндагони Раёсати самроягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндаи бахши хусусӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Фотеҳӣ вобаста ба ташрифи ҳайати тоҷирони эронӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва истеҳсолу интиқоли маҳсулоти рақобатпазир, аз ҷумла маводҳои сохтмонӣ ва ғизоӣ ба бозори пойтахт мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ изҳор намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ намуданд.
