Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хониши сиёсӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки кормандони Раёсат ва намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсат Давлатзода Д.Р. дар баромади худ қайд намуд, ки мо дар байни миллатҳо ва халқҳое, ки дар ҷаҳон арзи ҳастӣ доранду умр ба сар мебаранд, яке аз миллатҳои хушбахту саодатманд ҳастем, ки аз ин неъмати бузург, яъне истиқлол баҳравар мебошем ва ин дастовард осон ба даст наомадааст.
Маҳз истиқлол имконият фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шиносад. Истиқлол моро водор намуд, ки барои имрӯзу ояндаи худ тасмим гирифта, масъулият эҳсос намоем.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода У. дар суханронии худ иброз намуд, ки рисолати мо, хизматчиёни давлатї ва аъзоёни ҳизб аз он иборат аст, ки идеяҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷикон, сиёсати некбинона ва оќилонаи Сарвари давлатро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, ҳадафу нақшаҳои худро сарбаландона иҷро намоем.
Дар ҷодаи бузурги бунёдкориву созандагӣ кору пайкори ибратомӯз ва андешаҳои ҷаҳонсози Пешвои миллат барои ҳамаи мо сармашқи ибрату пайравӣ аст.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки барои ҳамеша побарҷо мондани истиқлоли меҳан ҳамаи моро мебояд, ки поквиҷдонаю софдилона ба миллату Ватани хеш хизмат намоем.
