ш.Душанбе. 11.09.2025.
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар асоси Нақшаи кори Мақомот бо эҳтимоми Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе семинар – машварат дар мавзӯи «Фишангҳои таъсиррасонанда ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе: роҳҳои бартарафнамоии онҳо» баргузор гардид.
