ш.Душанбе. 29.09.2025. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузор намудани Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест – 2025» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раис, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳои масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форум мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқгардида ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қайд гардид, ки Форум яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар самти ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баргузор гардидани он имкони муҳайё сохтани шароити муфид барои муаррифии имконият ва иқтидорҳои сармоягузории пойтахти кишвар ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам меорад.
