No Result
View All Result
No Result
View All Result
TJ | RU
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос
No Result
View All Result
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ!!! БАР ЧУНИН МАРДОНИ ОЛАМ ОФАРИН БОД, ОФАРИН…

Share on FacebookShare on Twitter
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ!!!
БАР ЧУНИН МАРДОНИ ОЛАМ ОФАРИН БОД, ОФАРИН…
Маъмулан ва ё одатан, кафолати собитшудаи молу амволи таърихро танҳо ҳакаме доварӣ карда метавонад, ки ҳуқму қарораш одилонаву холисона ва бузургу беназир бошад. Ва ё аз дидгоҳи хирадмеҳварӣ мухотабашро агар каме оромтар бигӯем, ҳамсони ҳикмати «бузургӣ на ба синну солхӯрдагӣ, балки дар заковати гирою зарфияти қавӣ» доштан мебошад.

Албатта, пайроҳаи паймудаи се соли охири давлатсозии миллиамонро бо таваҷҷуҳ ба навсозиҳои навини маркази тоҷикони олам – шаҳри Душанбе, ки имрӯз шаклу намояшро ба сурати хеле диданиву ҷолиб ҷилвагар намудааст, бањогузорӣ намоем , бо сароҳат метавон изофа намуд, ки арзишҳои таърихиамон ин масири созандагиро на ба сифати як арқоми маъмулӣ, балки ҳамчун як фасли мукаммали ифтихори бунёдкории сифатноки навин сабт хоҳанд намуд. Зеро натоиҷи чунин меъёру ҳадро ҳанӯз аз замони ҳастии башарият то ба имрӯз, на мову шумо, балки танҳо довари одилонаи замон «ВАҚТ» муайяну баҳогузорӣ карда метавонад.

Шурӯъ аз масоили куҳнатарини нақлиёти ҷамъиятии сокинон то беҳбудсозии гулгашту боғҳои муосир, бунёди хонаҳои баландошёна бо намои миллӣ ва ҳамчунин, эҳёи роҳҳои навини сеқабатаю таҷдиди нақшаи генералии пойтахт аз ҷумлаи он ибтикороти муаззаме мебошанд, ки иҷрои самараноки ин гуна созандагиҳо, мисли “офтобро бо домон пӯшонидан нашояд” аст…

Одатан, тамошову сайругашт дар табиати зебову муҳити фараҳафзо ба дилхоҳ инсон ҳузуру ҳаловати дигар мебахшад. Насбу шинонидани намунаҳои нодири гулу буттаҳои ороишиву накҳатбор бо тарҳи муосири миллӣ бештари кӯчаву роҳрав ва гулгашту боғҳои навбунёди пойтахти азизамонро зебу зинати хосса бахшида, боиси афзун гардидани маҷмӯи васеи сайёҳону меҳмонон ва хориҷиёни зиёд гардид. Агарчи ин тасмими муфиду иқдоми тарабафзо дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯйи даст гирифта шуда бошад ҳам, вале иҷрои ин ҳама тарҳу навгониҳои назаррабо аз бозую устувории рустамонаву завқи баланди зебоиофарии роҳбарияти олии шаҳрдору шаҳрофар вобастагии мустақим дорад.

Мусаллам аст, ки дастоварду комёбиҳои арзишманди ифтихорӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбарии ҷавону кордон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба миён омаданд. Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахти кишвар ҳанӯз моҳҳои аввали соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи сайёҳӣ ояндадор мақоми аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34 travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии «Mastercard» тасдиқ намуда, ба нашр расонид. Дар ин феҳрист шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гардид.

Соли 2018 бошад, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои рушди имкониятҳои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19-уми апрели соли мазкур Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Федератсияи Россия дар қисме аз нашрияҳои давриаш ба нашр расонид. Дар ин замина навгонии муассире, ки зикраш боиси таъкиди махсус аст, ин дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7-ум то 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, пойтахти кишвар ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. “Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо ва пеш аз ҳама, сокинони пойтахт дар ҳамбастагӣ қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро бо дарки масъулияти баланд ба хотири ояндаи неки Ватан, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои олии халқу давлатамон иҷро хоҳем кард”. Бо дарназардошти амалисозии ин нуқтаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии сокинони сарбаланди пойтахт, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки пойтахти Тоҷикистон имрӯзҳо ба як шаҳри зебову дилоро ва диданиву сутуданӣ табдил ёфтааст. Мутобиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст. Давоми солҳои 2019 – 2021, ки ба истиқболи таҷлили ҷашни умумимилии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, дар шаҳри Душанбе беш аз 3200 иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ”, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифтанд.

Давоми як соли охир бошад, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои сафар ва сайёҳати виртуалӣ ба осорхонаю маконҳои тамошобоби шаҳру кишварҳои ИДМ шомил гардида, айни замон бо 18 шаҳри қитъаҳои Осиёву Аврупо ва Амрикову Африқо муносибатҳои бародарона барқарор намудааст. Дар самти оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш фаро гирифтани шаҳрвандони пойтахт бошад, баҳрабардории беш аз 231 майдончаи варзишӣ ва 71 боғу гулгашти замонавӣ рушду инкишофи соҳаҳои мазкурро ба таври бесобиқа таъмин намуда, ба марҳилаҳои сифатан нав расонид. Ба таври анъана Раиси шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир ҷиҳати рушду пешрафти соҳаи варзиш чандин қарорҳои дахлдор ба тасвиб расонида, ғолибонро ҳамаҷониба тавассути туҳфаҳои арзишманд рӯхбаланд менамояд. Илова бар ин, давоми соли равон низ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ғолибони мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҳузур пазируфта, баҳри ҳавасмандиву дилгармӣ ба онҳо хонаи истиқоматӣ бо фарогирии таҷҳизоти рӯзгору лавозимоти муҳим дар маркази пойтахт ҳадя намуд. Ҳамчунин, давоми се соли сипаришуда Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайату намояндагони корпуси дипломатии ниҳодҳои байналмилалии муқими пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва ниҳодҳои дохилӣ беш аз 41 мулоқоту вохӯрӣ анҷом дода, бори аввал дар таърихи давлатдории навинамон роҳбарияти олии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2019 бо сафари расмии хориҷии худ озими Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардиданд.

Бо назардошти тавсеаи нави ҳамкориҳои гуногунҷанбаи хориҷӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми солҳои 2021 ва 2022 ҷиҳати иштирок дар як қатор ҷаласаҳои сатҳи олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин саҳмгузорӣ дар конфросу Форумҳои байнипарлумонӣ сафарҳои корӣ анҷом дода, бо масъулини сохторҳои баландпояи ин ҷумҳуриҳо мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуд.

Албатта, таъкиду ёддошт ва ҷузъе аз далоли зикргардида шумори аз он дастовардҳои аввалине мебошанд, ки иҷро ва амалисозиашон барои се даҳаи давлатсозии навинамон бори нахуст ба тадбиқ мерасанд. Вале нуқтаи аслии муҳиме, ки дар як фурсати хеле ками вақт боиси ин ҳама комёбиву шуҳратёр шудани пойтахти маҳбубамон гардид, натиҷаи фаъолияти пурсамари ана ҳамон Мактаби мураккаби сиёсие мебошад, ки имрӯз олами башарият миллати сарбаландашро танҳо бо номи Пешвои муаззамаш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду эҳтироми ҳамешагӣ доранд.
Инак, бо ин ҳама шарҳу тавзеҳи натиҷаҳои самараовари пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе ба роҳбари воломақому соҳибфитраташ – муҳтарам Рустами Эмомалӣ чунин мегӯем:
Дар ҷигардориву ҳушёрӣ шуморо мисл нест,
Бар чунин мардони олам офарин бод, офарин !

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

2 × two =

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

© 2021

Navigate Site

Follow Us

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос

© 2021

en_USEnglish
en_USEnglish