No Result
View All Result
No Result
View All Result
TJ | RU
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос
No Result
View All Result
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ТАРАБХОНА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

Share on FacebookShare on Twitter
ш.Душанбе. 06.06.2023. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид.
Озмуни мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 январи соли 2022, №8 дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе” бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандози карда шудааст.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сокинону меҳмонони пойтахт суханронӣ намуда, ғолибони озмунро барои сазовор гардиданашон ба зинаҳои ифтихорӣ табрик намуданд.
Дар асоси Низомномаи озмун, тарабхонае, ки дар он тарзи дастархонороӣ, тарзи хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Қайд бояд кард, ки тарабхонаҳое, ки дар даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе ғолиб гардиданд ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуд.
Намояндагони тарабхонаҳои “Форел”, “Оилавӣ”, “Шарбат” ва “Дидор” барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе сарфароз намуданд.
Баъди пурра санҷидани ҳайати комиссия, ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» тарабхонаи «Бухоро» дониста шуда, бо ҷоизаи пулӣ, ҷом ва диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, Ҷалолов Тоҷиддин дар номинатсияи “Беҳтарин мененҷер”, Курочкина Кристина дар номинатсияи “Беҳтарин пешхизмат”, Ғаниев Шавкат дар номинатсияи “Беҳтарин ошпаз” ва тарабхонаи Форел дар номинатсияи “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” ғолиб дониста шуда, бо ҷоизаҳои пулӣ ва сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

12 − ten =

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

© 2021

Navigate Site

Follow Us

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос

© 2021

en_USEnglish
en_USEnglish