ш.Душанбе. 11.08.2023. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2023 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2022 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ). Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 11,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 21,5 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 121,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 111,2 фоиз, гардиши савдо 115,8 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 107,4 фоиз, боркашонӣ 106,1 фоиз ва мусофиркашонӣ 110,6 фоиз таъмин гардидааст.
Соҳаи саноат. Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридот-ивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2023 заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 728 корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 28,3 миллион сомонї ё 144,2 фоиз, саноати коркард 1,2 миллиард сомонӣ ё 131,4 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 600,7 миллион сомонӣ ё 98,3 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа 31,5 миллион сомонӣ ё 83,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2023 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 110,9 фоиз, Шоҳмансур – 117,1 фоиз, Фирдавсӣ – 124,1 фоиз ва Сино – 124,2 фоизро ташкил додааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷо бо нӯшокиҳо 26,1 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 17,9 фоиз, истеҳсоли нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва чарму пойафзол 1,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ 2,6 маротиба, истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ 43,6 фоиз, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 1,5 маротиба ва воситаҳои нақлиёт 7,1 маротиба, инчунин дигар намуди истеҳсолот 41,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ. Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2023 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 680,7 миллион кВт соатро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба миқдори 1,9 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90,6 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 506,9 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад, 505,4 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 99,7 фоиз баробар мебошад.
Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 235,3 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он бо дарназардошти қарзҳои гузашта 259 миллион сомонӣ ё 110,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ пардохти маблағҳо дар маҷмӯъ 29,4 миллион сомонӣ ё 120,5 фоиз, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ 6,5 миллион сомонӣ ё 108,3 фоиз ва аз ҷониби ташкилоту идораҳои гуногун 23 миллион сомонӣ ё 125 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 3200 адад иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 2,1 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,2 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 543,3 миллион сомонӣ ё 26 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 1,3 миллиард сомонӣ ё 61,2 фоиз ба маблағгузориҳои шахсї ва 267,8 миллион сомонӣ ё 12,8 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ – васлгарӣ, лоиҳакашию муҳаққиқӣ ва бартарафкунии иншоотҳо дар ҳаҷми 239,6 миллион сомонӣ (барои корҳои сохтмонию васлкунӣ 230,9 миллион сомонӣ, корҳои лоиҳакашӣ 4,7 миллион сомонӣ ва барои бартарафкунии иншоотҳо 3,9 миллион сомонӣ) маблағгузорӣ амалӣ шудааст.
Дар ин давра дар 17 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ – васлгарӣ ва дар 19 иншооти дигар корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ дар ҳаҷми 228,4 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 14,6 миллион сомонӣ ё 7 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 18 иншоот барои 17556 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3040 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой, аз ҳисоби МД «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 520 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 12796 ҷой идома доранд.
Ҳамзамон дар 54 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 9380 ҷой, ки дар зери биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва алоҳида ҷойгир мебошанд, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020 – 2040 Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллӣ барои 1280 ҷойи нишаст ва муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Global school) дар якҷоягӣ бо кудакистон барои 560 ҷойи нишаст сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Инчунин дар ин давра бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, бинои маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Сино ва Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит» барои 133 ҳазор нафар намозгузор дар як вақт сохта ба истифода дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 1120 адад чорабинӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 20,3 километр роҳ, 13 бинои маъмурӣ, 66 иншооти баландошёна бо 46 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзишӣ, рангубори 236 бино, 121 нуқтаи партовпартоӣ ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда шуд.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 11 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 23,2 километр ва 2 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,33 километр, инчунин дар 26 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ ба маблағи умумии 125 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Дар ин давра аз ҳисоби иншоотҳои бунёдгардида, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгард аз кӯчаи С. Айнӣ то кӯчаи М. Назаршоев бо дарозии 0,5 км ва 15 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ дар кӯчаи А. Навоӣ ба маблағи умумии 16 миллион сомонӣ ба фондҳои асосӣ супорида шуд.
Ҳамзамон сохтмон ва азнавсозии 2 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 5,7 км, аз ҷумла «Азнавсозии хиёбони Ҳ. Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Карамов то гардиш ба маҳаллаи Чорбоғ)» бо дарозии 5,1 км ва «Азнавсозии хиёбони Рӯдакӣ (аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ. Шерозӣ)» бо дарозии 0,6 км, инчунин 1 иншооти ирригатсионӣ «Азнавсозии канали Алочабофон (аз хиёбони С. Шерозӣ то кӯчаи С. Есенин)» бо дарозии 2,43 км ба анҷом расонида шуд.
Бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роњи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 5 км ба анҷом расида, марҳилаи 2 корҳо бо дарозии 4,2 км дар раванди оғозшавӣ қарор доранд.
Бо мақсади сохтмон ва азнавсозии роҳи дусатҳаи кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе бо дарозии 6,6 километр барои 8 хати ҳаракат дар ду самт барои воситаҳои нақлиёт дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе санги асос гузошта шуд, ки бо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар муҳлати то 2,5 сол сохта ба истифода дода мешавад.
Нақлиёт. Дар моҳҳои январ – июни соли 2023 бо ҳама намудҳои нақлиёт 7,8 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 7,2 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 92,4 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 195 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз зиёд мебошад.
Тавассути нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорон) дар ин давра 182,8 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.
Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 19 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 12 ширкати таксӣ амалӣ гардида истодааст.
Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 86 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 31 адад автобусгард, 9 адад троллейбусгард ва 46 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 6680 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 773 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 4350 адад воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.
Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 381 адад автобус, 80 адад троллейбус, 1025 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2748 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.
Дар ин давра бо дарназардошти ворид ва ба истифода додани автобусҳои нави замонавї, инчунин вобаста намудани баъзе аз хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусии корхонаҳои коммуналӣ, ҳиссаи бахши коммуналӣ дар хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиёти хусусӣ зиёд гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи шартнома бо ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидории 30 адад электробуси замонавии то 200 км бо нерӯи барқ њаракаткунанда ва харидории 15 адад таҷҳизоти қувватдиҳанда барои бо нерӯи барқ таъмин намудани электробусҳо ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади азнавсозии инфрасохтори корхонаҳои нақлиётии пойтахт лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе» бо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 8,8 миллион доллари ИМА фаъолият намуда, дар доираи он то инҷониб 6,7 миллион доллари ИМА маблағҳо аз худ карда шудааст.
Технология ва коммуникатсия. Бо мақсади рушди ҳукумати электронӣ, роҳандозӣ намудани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо дар самти иқтисоди рақамӣ дар ин давра шабакаи маҳаллии барномаи «Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ» бо харидорӣ ва насби таҷҳизоти серверии замонавӣ, инчунин пайвастшавӣ ба воситаи алоқаи видеои марказонидашуда (видео-селектор) ва телефони бехатарии дохилӣ (SIP) байни воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъол ва роҳандозӣ карда шуд.
Инчунин дар 105 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт барномаи электронии «eDonish» бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ роҳандозӣ шуда, барои назорати раванди таълим, давомот ва даромаду баромади хонандагон ва барои муайян намудани рейтинги хониши мактаббачагон ба муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо мусоидат менамояд.
Илова бар ин, дар хатсайрҳои автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст.
Аз оғози татбиқи низоми пардохти электронии роҳкиро то давраи ҳисоботӣ барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ ба зиёда аз 841,4 ҳазор нафар сокинону имтиёздорон кортҳои пластикӣ дастрас карда шуд.
Бо мақсади татбиқи лоиҳаи пилотӣ (тестӣ) вобаста ба ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва насби камераҳои назоратӣ – мушоҳидавӣ дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 24 адад камераҳои назоратӣ, 10 адад паркомат ва 2 адад терминал насб ва фаъол карда шуд.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтарнамоии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт низоми электронии навигатсияи нақлиётҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ таҷҳизоти «GPS – tracker» ва сенсори баҳисобгирии ҷараёни мусофирон дар 250 адад автобус ва 100 адад троллейбус, инчунин баҳри муайян намудани хароҷоти аслии сарфи сӯзишвории дизелӣ дар 250 адад автобусҳои болозикр таҷҳизоти санҷандаи сатҳи сӯзишворӣ насб карда шуд.
Гардиши савдо. Тибќи маълумоти пешакӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳаљми умумии гардиши савдо ба 7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 2,3 миллиард сомонӣ ё 130,5 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 4,7 миллиард сомонӣ ё 109,8 фоиз мусоидат намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 5,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар сохтори хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ саҳми корхонаҳои бахши давлатӣ ба 1,3 миллиард сомонӣ ва бахши ғайридавлатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 103,8 фоиз ва 108,6 фоизро ташкил медиҳад.
Муроҷиати шаҳрвандон. Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот тасдиқ гардида, дар асоси он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Аз 2256 муроҷиатҳои воридгардидаи шаҳрвандон 1724 ададро муроҷиати хаттӣ, 20 муроҷиат ба воситаи сомонаи Раиси шаҳри Душанбе ва 512 муроҷиат аз дигар мақомотҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 1005 ададро муроҷиати шифоҳӣ тавассути телефони боварӣ ташкил медиҳанд, ки сари вақт мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шуданд.
Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои хаттии воридгардида аз тарафи сохторҳои дахлдори мақомот ва сохторҳои шаҳрӣ 2226 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ин 99 фоизи муроҷиатҳои воридгардидаро ташкил медиҳад, 30 муроҷиати дигар дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 1165 нафар шаҳрвандон қабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостњои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки қабули муроҷиатҳо тавассути суроғаи электронии «dushanbe80@yahoo.com» ва шабакаи иҷтимоии «Viber»-и мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра 181 адад муроҷиат ва аксу наворҳои воридгардида, пурра қабул, баррасӣ ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шудааст.
Вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ. Дар моҳҳои январ – июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 43 982 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 791 адад ё 1,8 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 8515 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,8 фоиз) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 35157 нафар (100,1 фоиз), аз ҷумла бо патент 24184 нафар (101,6 фоиз) ва бо шаҳодатнома 10285 нафарро (96,6 фоиз) ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ин давра як қатор корҳо мавриди амал қарор дода шуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе њаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 154 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 маротиба зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт 31 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 23,4 миллион доллар сармояи мустақим ва 15 корхона ба маблағи умумии 130,5 миллион доллар дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 175 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 78,5 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 17 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.
Дар баробари ин, мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №161 «Дар бораи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 адад дархостҳои лоиҳавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия ва омода гардида, барои ворид намудани онҳо ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби мақомот 14 адад лоиҳаҳои дахлдор доир ба самтҳои афзалиятнок бо инобати ҷадвали тақсимоти лоиҳањҳ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, барои ҳарчи зудтар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ирсол карда шуд.
Истифодаи амволи коммуналӣ. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 385 (381) иҷорагир, аз ҷумла 8 ( иҷорагири манзилҳои истиқоматӣ ва 377 (373) иљҷорагири қисми иншоотҳо 2,5 миллион сомонӣ маблағ ба буҷети шаҳр ворид гардидааст.
Масоҳати умумии иҷора 73,4 (72,9) ҳазор метри мураббаъро ташкил дод, ки ба таъмини 2123 (2124) ҷойи нави корӣ мусоидат намудааст.
Вазъи бозори истеъмолӣ. Дар нимсолаи аввали соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия як қатор санадҳои дахлдор, аз ҷумла қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2023, №75 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023» таҳия ва ба тасвиб расид.
Бо мақсади иҷрои қарори болозикр корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 1,6 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 мақомот тасмим гирифтааст, ки маҳсулотҳои ниёзи аввалияро, аз қабили картошка – 5000 тонна, пиёз – 7000 тонна, сабзӣ – 1000 тонна, шакар – 2000 тонна, равғани растанӣ – 500 тонна, орд – 3000 тонна, гандум – 6000 тонна ва биринҷ – 100 тонна захира намояд.
Қобили зикр аст, ки захиранамоии маҳсулоти болозикр аз моҳҳои сентябр – ноябри соли ҷорӣ оғоз мегарданд.
Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби мақомот ва соҳибкорони ватанӣ дар ин давра дар маҷмӯъ ба миқдори 256 тонна бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шудааст.
Дар баробари ин, дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии давлатҳои Россия, Қазоқистон, Белоруссия ва Ҳиндустон харид ва воридоти маҳсулотҳо, аз ҷумла шакар, равғани растанӣ, орд, гандум, биринҷ ва гӯшти гов ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини талаботи истеъмолкунандагон тавассути бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта шудааст.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва таъмин намудани шаҳрвандони пойтахт бо молу маҳсулоти ниёзи аввалия, айни замон 39 адад сардхона бо масоҳати 24,1 ҳазор метри мураббаъ ва бо ғунҷоиши 40,3 ҳазор тонна маҳсулот фаъолият намуда истодаанд, ки айни ҳол 5,8 ҳазор тонна маҳсулоти агросаноатию кишоварзӣ захира карда шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби мақомот якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор даврҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ як қатор фестивалу идҳо, бахусус «Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ», фестивали «Таомҳои миллӣ» ва ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки меҳмонони дохилию хориҷӣ баргузор гардида, ғолибони он бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомот, ин беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар ин давра ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани пойтахт дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 61,2 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид.
Аз ҷониби корхонаи мазкур ба истеъмолкунандагон ба маблағи 54,8 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 48,1 миллион сомонӣ ё 87,7 фоизро ташкил намудааст.
Бо мақсади беҳдошти вазъи обтаъминкунӣ ва таъмини боэътимоди сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ Лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ бо инобати маблағҳои иловагӣ дар ҳаҷми 88,4 миллион доллар байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ – васлгарии хатти корезӣ идома доранд.
Тибқи лоиҳаи мазкур аз аввали татбиқ то инҷониб дар ҳаҷми зиёда аз 28,3 миллион доллар маблағҳо аз худ карда шудааст.
Ҳамзамон ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи сектори обтаъминкунӣ ва корезӣ (канализатсия) дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе (ноҳияи Сино) аз ҷониби мақомот бо Бонки Ҷаҳонӣ гуфтушунидҳо баргузор гардида, барои татбиқи лоиҳа аз ҷониби бонки мазкур дар ҳаҷми 30 миллион доллар ҳамчун маблағи грантӣ (саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – 2 миллион доллар) дастгирӣ ёфта, айни ҳол корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст, ки азхудкунии маблағҳо аз аввали татбиқи лоиҳа то инҷониб 12,5 миллион долларро ташкил менамояд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он сари вақт қабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 344,4 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо қабул ва тахту ҳамвор намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини чораҳои аввалиндараҷа оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба мавсими боронгариҳо ва эҳтимолияти рух додани селу обхезиҳо, инчунин таъмини сатҳи санитарию эпидемиологӣ ва тоза нигоҳ доштани каналу селпартоҳо дар ҳудуди пойтахт, бо қувваи техникаю механизм ва коргарон қисматҳои озоди каналу селпартоҳо аз гилу шағал ва партовҳо ба масоҳати 19,8 ҳазор метри мукааб тоза карда шуд.
Соҳаи тандурустӣ. Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 16 беморхона, 2 маркази дастгирии оила ва кудак, 15 маркази саломатии шаҳрӣ, 4 маркази стоматологӣ, 12 муассисаҳои соҳавӣ, 5 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 3 стансияи дезинфексионӣ ва 4 муассисаи ёрирасон мебошанд.
Дар 16 муассисаи табобатӣ бо 2779 кати муолиҷавӣ ва дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак бо 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онњо кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди то синни 7 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 919 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 505 катҳои акушер-гинекологӣ ва 741 катҳои педиатрӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 53,7 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки ин 4,5 фоизи шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 17 ҳазор нафар ё 32 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Нишондоди миёнаи бистарӣ шудани беморон 7 рӯзи пурраро ташкил дода, баҳри муолиҷаи онҳо дар сатҳи муносиб тамоми чораҳои судбахш роҳандозӣ карда мешавад.
Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3664 нафар табибон ва 5954 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 572 нафар, аз ҷумла 221 нафар табибон ва 351 кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки дар ин замина 296 нафар табибон ва 408 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.
Дараҷанокии касбии табибон дар муассисаҳои тандурустӣ 95 фоиз ва кормандони миёнаи тиб бошад 97 фоизро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе 326,4 ҳазор нафар занони қобили таваллуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 165,4 ҳазор нафарашон бо маводҳои контрасептивӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаҳои пешгирию табобатии тандурустии шаҳр дар ин давра 787 нафар иштирокчиёни муҳорибаву садамаҳои шадид ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз он ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4 нафар, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 2 нафар, ҷанговарони интернатсионалист 569 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил 181 нафар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 31 нафар ба қайд гирифта шуданд.
Дар робита ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ин давра 155 мақола дар мавзӯъҳои гуногун ба чоп расида, тариқи телевизион 364 баромад ва радио 147 баромад амалӣ шуд.
Соҳаи фарҳанг. Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳо андешида, доир ба рушди соҳаи мазкур як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Айни замон, дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.
Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, бахусус 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази илмию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда бо фарогирии 578 нафар корманд фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъат ва мактаби бачагонаи рассомӣ 944 нафар муҳассилин бо омӯхтани фанҳои гуногуни ҳунар ва мусиқӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт 1864 адад нусха аз китобу маҷаллаҳои тозанашр ба маблағи зиёда аз 62,1 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Имрӯз фонди умумии китобхонаҳои шаҳриро 494580 нусха китоб ва теъдоди китобҳои электрониро 73320 нусха ташкил медиҳанд.
Шумораи хонандагони китобҳо дар китобхонаҳои болозикр дар ин давра 11601 нафарро ташкил дод.
Шумораи умумии китобхонаҳо дар шаҳри Душанбе бо инобати китобхонаҳои вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо то инҷониб ба 370 адад баробар гардидааст.
Дар ин давра аз ҷониби Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов ва Театри намунавӣ – минётураи «Ойина» ҷиҳати баланд бардоштани маданияту маърифати шаҳрнишинӣ, ҳувияти миллӣ, ватанпарастии наврасону ҷавонон як қатор намоишнома ва саҳнаҳои ҳунарӣ рӯи саҳна гузошта шуданд.
Вазъи ҷинояткорӣ. Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2288 ҷиноят ё 7,1 фоиз кам мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар охири нишаст қайд гардид, ки “Моро дар пеш вазифаҳои азими созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар водор месозад, ки таҳти дастуру супориш ва нишондодҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кору пайкор намоем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанберо боз ҳам обод намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоем”.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2023 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.