ш.Душанбе 27.09.23. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода А.С. бо Директори иҷроияи ширкати «Bina Puri» Файзам Хан доир гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо хушнудӣ ташрифи меҳмонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, мулоқоти имрӯзаро имконияти мусоид баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён доштанд.
Файзам Хан дар навбати худ барои истиқболи самимӣ ва имконияти муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори сипос карда, фазои мусоиди сармоягузории Душанберо диққатҷалбкунанда баҳогузорӣ намуда, оид ба фаъолияти ширкати «Bina Puri» маълумот пешкаш намуд.
Ҷонибҳо қарор доданд, ки масъалаи баррасишударо минбаъд низ зери таваҷҷуҳ қарор дода, дар самти амалисозии он иқдом намоянд.
Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.