ш.Душанбе. 28.09.2023. Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар њошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе – Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо муовини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск – Черников Александр Владимирович баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрҳо, бахусус вобаста ба таъмини иҷрои босифат ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳои баимзо-расонидашуда миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск ибрози сухан намуданд.
Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ, инчунин ҷалби харчи бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки пойтахт аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоду таклифҳои асоснок манзур карда шуд.
Инчунин масъалаи воридоти шакар аз Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе” барои эҳтиёҷоти сокинони шаҳри Душанбе мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск оид ба густариши ҳамкориҳои судманд доир ба саноаткунонии босуръат, бахусус дар соҳаҳои саноати маъдан ва сабук ибрози назар намуда, ҷиҳати табодули таҷриба дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои савдою тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф, тандурустӣ, ҳушмандсозӣ ва дигар бахшҳои инфрасохтор изҳори омодагӣ карданд.