No Result
View All Result
No Result
View All Result
TJ | RU
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос
No Result
View All Result
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ҚУБУРҲОИ ШИШАПЛАСТИКИИ “КОМПОЗИТ Т.А.” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

OPENING OF CEMENT-GRINDING PIPES “COMPOSITE T.A." IN THE CITY OF DUSHANBE

Share on FacebookShare on Twitter
28 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро ифтитоҳ намуданд. Бунёди корхона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки 17 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшида буданд.
Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд. Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.” корхонаи муштарак буда, дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи озарбойҷонӣ – “Азкомпозит” таъсис дода шудааст.
Корхона тасмим гирифтааст, ки дар муҳлатҳои наздиктарин мутахассисони маҳаллиро тайёр кунанд, ки минбаъд маҳсулоти корхонаро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол намоянд.
Пас аз ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии автобусҳо иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ – “Акиа Ориё” оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.
Дар айни замон аз ҷониби корхонаи муштарак ба таври силсилавӣ автобусҳо бо дарозии 8 ва 12 метр истеҳсол гардида, банду баст ва тарҳрезии автобусҳои дуошёна, автобуси таъиноти байнишаҳрӣ, автобуси бо гази табиӣ ҳаракаткунанда, электробус ва электро-троллейбус идома дорад.
Ҳамчунин корхонаи муштарак як адад электро-троллейбуси худрави озмоишии навро истеҳсол намуд, ки он муҷаҳҳаз бо техника ва технологияҳои нав, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дорои иқтидорӣ ҳаракати автономӣ ба масофаи то 40 километр роҳ бе пайвастшави ба хатти нерӯи барқ аз ҳисоби нерӯи барқи ҷамъкардааш дорад.
Дар баробари ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани воситаи нақлиёт симои зоҳирӣ ва дохили он ба таври замонавӣ бо мақсади рафтуои бароҳати мусофирон тарҳрезӣ карда шудааст.
Корхона инчунин электробуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол намуд, ки муҳаррики он пурра бо нерӯи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр роҳ бо нерӯи барқ ҳаракат менамояд, ки аз лиҳози экологӣ яке аз безарартарин нақлиёт дар олам ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, бо назардошти ба инобат гирифтани содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои эҳтиёҷдор ба автобуси муҳаррикаш бо гази табиӣ ҳаракаткунанда дар заминаи имкониятҳои корхонаи муштарак тарҳрезӣ гашта, истеҳсол намудааст.



Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

2 × five =

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

© 2021

Navigate Site

Follow Us

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос

© 2021

en_USEnglish
en_USEnglish