19.06.2025. шаҳри Душанбе. Имрӯз дар асоси Нақшаи кори Мақомот ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Кангурт Гранд Хотел (Kangurt Grand Hotel) таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои дастгоҳ ва Мақомот мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои дурнамои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ» баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар табодули натиҷаҳо ва андешаҳои илмӣ ва ошноӣ бо таҷрибаи кишварҳои пешрафта бо мақсади таҳияи дурнамои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, муайян намудани омилҳо, тамоюлҳо ва роҳҳои афзоиши сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни соҳибкорон мебошад.
Дар мизи мудаввар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Набиев Тоҳир, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе – Маҳмадшарифзода Дилрабо, директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор – Иброҳимзода Илҳомуддин ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе – Давлатзода Давлат маърӯза намуданд.
Дар қисмати муҳокимарониҳо соҳибкорон ва меҳмонони ба мизи мудаввар ташрифоварда фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушди соҳибкориву сармоягузории шаҳри Душанбе иброз намуданд.