20.06.2025. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “АМВОЛИ ШАҲР ” – и Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе хониши идоравӣ бахшида ба рӯзи “Ваҳдати миллӣ” бо иштироки кормандони Раёсат ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсат Давлатзода Давлат Раҳмон дар баромади қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми саодатманди тоҷик яке аз неъматҳои бебаҳоест, ки истиқрори он дар вазъияти ниҳоят ҳасос ва мураккаби сиёсӣ бо заҳмату ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, халқи тоҷикро якдилу муттаҳид сохт.
Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло бо такя ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди мамлакат, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҳамаи мо фарзандони ин меҳану сарзаминро мебояд, ки барои ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ поквиҷдонаю софдилона хизмат намоем.