ш.Душанбе. 04.07.2024. Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салмон Бал вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, дар мавриди омодагиҳо ба форуми соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария, ки баргузории он дар моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.