Маромномаи сокини пойтахт

Бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

№ 11-2 аз 28 декабри соли 2000-ум  қабул гардидааст.

Бо дарки масъулият дар назди ҷомеа пойтахти  ватанамон – шаҳри  Душанберо дар оянда  низ ҳамчун маркази ваҳдат, ризоияти ҷомеа, волоияти қонун ва дигаргунсозии куллии сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию созандагӣ нигоҳ медорем.

 

МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ

Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён будаанд.  Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбе, барҳақ, меросдори онҳост. Сокини пойтахт будан боиси ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд:

– бузургдошти муқаддасоти миллӣ – Конститутсия, рамзҳои давлатӣ ва риояи волоияти қонунро қарзи виҷдон донистан;

– муборизи фаъоли сохтмони давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будан;

– тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» такмил додани асосҳои демократӣ дар ҳама соҳаҳо;

– ҳомии собитқадами якпорчагии кишвар, осудагию оромиш, сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеа гардидан;

– ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барқ, боғу дарахтзор ва гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт ва иншоотҳо расидан ва ба онҳо ғамхорона муносибат намудан;

– барои дар ҳаёт татбиқ намудани комёбиҳои илму техника, технологияи пешбар, асосҳои нави муносибатҳои бозоргонӣ пайваста ҷаҳду талош доштан;

– оини дӯстӣ – бародариро пос доштан;

– ҳусни гуфтор, рафтору кирдори некро, ки таҷассуми хислатҳои ҳамидаи инсониянд, меъёри рӯзгори худ қарор додан;

– ободониву озодагии пойтахт ва маҳалли зистро таъмин кардан;

– ба оини ҷавонмардӣ пайравӣ намудан, мададгори пирон ва дастгири кӯдакон будан, ба хизмати калонсолон ва саҳми онҳо ба пешбурди зиндагӣ эҳтироми махсус парваридан;

– бозор, дӯкону мағозаро ба ҷойи зуҳури ахлоқу одоби писандида ва сатҳи баланди фарҳангӣ табдил додан;

– хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро шаъну шарафи худ дониста, ҳангоми либоси низомиро дар бар кардан масъулияти дучандони риояи ахлоқу одоб ва қонуну қоидаҳои шаҳрвандиро эҳсос намудан;

– варзиши ҳамагонӣ, тану ақли солимро зидди маводи нашъадор гузоштан;

– гиромидошти муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳоро ҳам фарзу ҳам суннат ҳисобидан;

– дар амалӣ намудани нақшаҳои азими навсозиҳои кишвар, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурӣ, Фармону амрҳои Президенти мамлакат ва Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистону шаҳри Душанбе фаъол ва пешоҳанг будан;

– дар пешбурди маорифи халқ, ислоҳи мактаб ва таълиму тарбияи насли наврас ташаббус нишон додан ва саҳм гирифтан;

– дар пойтахт системаи тарбияи мутахассисони ба талаботи муосир ҷавобгӯро инкишоф додан;

– баробари тараққиёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи маданияти сокинони пойтахт кӯшиш кардан;

– пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо ба сатҳи пойтахтҳои таърихии миллат бароварда, шаҳри шариф гардонидан.

 

Дар ин шаҳри зебову дилоро ва маъвои пур аз меҳру вафо, ки хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон аст, чароғи сидқу сафоро ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем!

tt_RUTatar