Нақлиёти автомобилӣ:
- Дарозии умумии роҳҳои автомобилии мамлакат – 27,8 ҳазор км.
- Зиёда аз 90 %-и ҳаҷми мусофиркашонӣ ва зиёда аз 80 %-и боркашонии дохилӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ таъмин карда мешаванд.
- Бо мақсади рушди шабакаи нақлиётӣ, чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ бо мақсади баромадан ба шоҳроҳҳои трансконтиненталӣ дар ҷумҳурӣ як қатор лоиҳаҳои бузргӣ сармоягузорӣ татбиқ мегарданд, аз ҷумла азнавкунии роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чанак (сарҳади Узбекистон), Душанбе – Кулма (сарҳади Хитой бо имконияти баромадан ба шоссеи Қайроқум), Қурғонтеппа – Панҷи поён (сарҳади Афғонистон). Ҳамзамон, сохтмони нақбҳо дар ағбаҳои Анзоб, Шаҳристон, Шар-Шар ва Чормағзак амалӣ шуда истодаанд.
Роҳи оҳан:
- Дарозии умумии роҳҳои оҳан 943 км, ки аз он роҳҳои асосӣ 678 км. Ҳиссаи зиёди роҳҳои оҳан дар дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ ҷойгир буда, пойтахтро бо минтақаҳои саноатии водиҳои Ҳисор, Вахш ва бо хориҷи кишвар пайваст менамояд.
- Ба зиммаи роҳи оҳан қисми зиёди боркашониҳои байнидавлатӣ вогузор шудааст.
- Сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, ки минтақаи Кӯлобро бо маркази ҷумҳурӣ мепайвастад ба анҷом расидааст.
- Алоқаи мусофиркашонии роҳи оҳан, чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ бо давлатҳои хориҷӣ амалӣ карда мешавад.
- Нақлиёти ҳавоӣ:
- Мусофиркашонӣ ва боркашонии ҳавоӣ тавассути ҳавопаймоҳоӣ ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва дигар ширкатҳоӣ ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ва Созмони давлатҳои мустақил амалӣ карда мешаванд. Дар мамлакат 2 фурӯдгоҳи бузург бо дарозии хати фурӯдшавии зиёда аз 3 км ва 4 фурӯдгоҳи дигар бо хати фурӯдшавии зиёда аз 2,5 км вуҷуд дорад.
- Ширкатҳои ҳавопаймоии маҳалии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» хатсайрҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Мюнхен, Франфуркт, Истамбул, Шарҷа, Деҳли, Теҳрон, Урумчӣ, Дубай, Москва, Санкт Петербург, Екатеринбург, Алмаато, Бишкек ва дигар шаҳрҳои дунё амалӣ менамоянд.
Телекоммуникатсия:
Дар Тоҷикистон 9-то операторони алоқаи мобилии стандарти GSM ва CDMA фаъолият доранд. Аз ҳама бузургтарин таъмингарони хизматрасониҳои телекомуникатсионӣ ва Интернет ширкатҳои «Вавилон», «Индиго», «М.ТЕКО», «Сатурн Онлайн», «Телеком Технолоҷи ЛТД» ва ғайра ба ҳисоб мераванд.