No Result
View All Result
No Result
View All Result
TJ | RU
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос
No Result
View All Result
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРӢ ВА ТАЪЛИМИИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Share on FacebookShare on Twitter
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави маъмурӣ ва таълимии Донишкада аз 3 бинои 5-ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Иншооти таълимӣ барои 1500 нафар донишҷӯй дар як баст лоиҳабандӣ шудааст. Бинои мазкур дорои 41 синфхона, 4 толори машғулиятҳои назариявӣ барои 140 нафар, маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ, китобхона бо адабиёти таълимӣ ва забономӯзӣ, 47 ҳуҷраи кории устодон ва таҳхона барои бойгонӣ мебошад. Толори варзишии Донишкада пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Дар Донишкада 2 синфхонаи лингофонӣ, 9 синфхонаи компютерӣ муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 235 ҷой мавҷуд буда, раванди таълим пурра бо истифода аз тахтаҳои электронӣ ва проекторҳо сурат мегирад. Ҳоло дар Донишкада 404 компютер ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, барои истифодаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дастрас мебошад.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар Донишкада имконоти фаррох муҳайё мебошад.
Биноҳои нав бо тарҳи зебову замонавӣ ва мувофиқ ба стандарти байналмилалии таълим бунёд шуда, бо тамоми ашёи зарурии илмомӯзӣ муҷаҳҳаз аст.
Президенти мамлакат бо шароити муосири донишомӯзӣ дар донишкада шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1979 ҳамчун Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфт.
Бори аввал ба Донишкада донишҷӯён соли 1980 қабул гардиданд, ки шумораи онҳо 525 нафарро ташкил медод. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ шумораи донишҷӯён рӯз аз рӯз боло рафта истода, айни ҳол ба 5100 нафар расидааст. Ин шумора нисбат ба солҳои аввали таъсисёбӣ 10 баробар афзудааст.
Дар Донишкада солҳои аввали фаъолият мутахассисон танҳо дар самти ихтисосҳои факултети филологияи рус омода мегардиданд. Баъдтар солҳои 2000-ум дар доираи се факултет – филологияи рус, забонҳои Шарқ ва забонҳои романию германӣ ва даҳсолаи охир дар доираи 5 факултети зерин – филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 31 ихтисос мутахассисон аз рӯйи 11 забон дар самтҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ дар зинаи бакалавриат омода карда мешаванд.
Дар шуъбаи рӯзона ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1796 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 1560 нафар духтар ва дар маҷмӯъ 4999 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 3573 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 202 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ 12 217 нафар донишҷӯ Донишкадаро бо касбҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ хатм намуданд.
Дар Донишкада 434 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳоро ҳайати роҳбарикунанда ва профессорону омӯзгорони асосӣ ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони асосии Донишкада 80 нафарашон устодони дорои дараҷаи илмӣ, 10 нафар доктори илм ва 70 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Дар панҷ соли охир дар шуроҳои диссертатсионии ватанӣ ва хориҷӣ аз ҳайати омӯзгорони Донишкада 37 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.
Донишкада бо беш аз 52 муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ, ҳамкории бисёрҷабҳа ба роҳ мондааст, ки дар пешрафту ишкишофи ҳамаҷонибаи Донишкада мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин муддат 423 нафар донишҷӯёни Донишкада ба кишварҳои хориҷ барои идомаи таҳсил сафарбар карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар ин давра шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дуру наздик низ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии Донишкада ба ҳайси донишҷӯй, аспирант ва шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки шумораи умумии онҳо ба 2696 нафар мерасад.
Илова бар ин, дар ин муддат ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши забондонии донишҷӯёни Донишкада аз 21 кишвар омӯзгорони соҳибзабон барои кор ва фаъолият ба Донишкада ҷалб гардиданд, ки 213 нафарро ташкил медиҳанд.

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

16 − 2 =

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

© 2021

Navigate Site

Follow Us

No Result
View All Result
  • Асосӣ
  • Душанбе-пойтахт
    • Маромномаи сокини пойтахт
    • Шиносномаи шаҳр
  • Сармоягузорӣ
    • Инфрасохтор
    • Лоиҳаҳои сармоягузори
    • Созишномаҳои сармоягузорӣ
    • Гирифтани раводид
    • Кӯмак ба сармоягузорон
    • Форум
    • Семинар
  • Соҳибкорӣ
    • Соҳибкорӣ да шаҳри Душанбе
    • Соҳибкори беҳтарин дар шаҳри Душанбе
    • Тарабхонаи беҳтарин дар шаҳри Душанбе
  • Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Қонунгузорӣ оид ба мораторий
    • Қонунгузорӣ оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
    • Қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
  • Маълумот
    • Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ
    • Маълумоти умумӣ
    • Энсиклопедия
    • Нишона
    • Ҳисоботҳо
  • Хабарҳо
    • Эълонҳо
  • Тамос

© 2021

en_USEnglish
en_USEnglish