Top Banner

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО САРМОЯГУЗОРОН АЗ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

02 март 2026
шаҳри Душанбе. 2 марти соли 2026. Имрӯз вохӯрии ҳайати Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати ҶСК “Азертехнолайн”-и озарӣ баргузор гардид.
ҶСК “Азертехнолайн” фаъолияти худро аз соли 2013 оғоз намуда, ба истеҳсол ва содироти қубурҳои пулодӣ ва полиэтиленӣ, панҷараҳои металлӣ (зангногир), маҳсулоти пластикии қолабӣ, лукидонҳо, гидрантҳои оташнишонӣ, люкҳои коррезӣ ва дигар маҳсулотҳо машғул мебошад.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ бо ҷамъият ва имкониятҳои васеи сармоягузории пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бо мақсади ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҷамъияти мазкур ва бозорҳои шаҳри Душанбе ва сохтмони корхонаи истеҳсолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.