СЕМИНАР – МАШВАРАТ ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА МАҚСАДНОКИ ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ КОММУНАЛӢ
шаҳри Душанбе. 10.04.2026. Имрӯз дар бинои IT-Park Dushanbe дар асоси Нақшаи кори Мақомот ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе семинар–машварат вобаста ба «Истифодаи самаранок ва мақсадноки объектҳои моликияти коммуналӣ» таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарияти сохторҳои марбута, инчунин соҳибкорон ва иҷорагирони объектҳои моликияти коммуналӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, бартарафсозии монеаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди соҳибкорӣ дар пойтахт арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид шуд, ки Душанбе имрӯз на танҳо маркази сиёсӣ, балки ба як маркази ҷолиби сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ табдил ёфта, соҳибкорӣ ба нерӯи пешбарандаи иқтисоди миллӣ мубаддал гардида, муҳити сармоягузорӣ тадриҷан беҳтар шуда истодааст ва дар ин замина имкониятҳои нав барои истифодаи самараноки моликияти коммуналӣ фароҳам оварда мешаванд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни намояндагони сохторҳои марбута ва соҳибкорону иҷорагирони объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе саволу ҷавоб сурат гирифта, ба як қатор соҳибкорону иҷорагирони фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди иқтисоди пойтахт ва иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ ба суносибати “Рӯзи пойтахт” сипосномаҳо тақдим карда шуд.