Top Banner

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ТАРАБХОНАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

16 май 2024

ш. Душанбе, 16 майи соли 2024.
Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид.

Озмуни мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 январи соли 2022, №8 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе”» бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон суханронӣ намуда, оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт изҳори назар намуда, ғолибони озмунро табрик намуданд.

Тибқи Низомномаи озмун, ҳангоми арзёбии тарабхонаҳо тарзи дастархонороӣ, сатҳи хизматрасонии пешхизматон, муносибати кормандон бо мизоҷон, сифати ороиши маҳсулоти ғизоӣ, истифодаи ғояҳои навоваронаи сарошпазон ва муҳити умумии тарабхона ба инобат гирифта шуданд.

Қайд шуд, ки тарабхонаҳое, ки дар даври ноҳиявии озмун ғолиб омада буданд, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.

Дар натиҷа, намояндагони тарабхонаҳои “Бухоро”, “Оилавӣ”, “9-Вал”, “Дидор”, “Султонбей”, “Насими баҳор”, “Парфенон”, “Яккачинор”, “Осмон” ва “Шах” барои иштироки фаъолона бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои ҳайати комиссия, тарабхонаи “Анзур” ғолиби даври шаҳрии озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе” дониста шуда, бо ҷоизаи пулӣ, ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардид.

Ҳамзамон ғолибони номинатсияҳои зерин муайян гардиданд:

  • “Беҳтарин менеҷер” – Ҷамшед Ҷомиев;

  • “Беҳтарин пешхизмат” – Суннатулло Асоев;

  • “Беҳтарин ошпаз” – Болтахон Парпиев;

  • “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” – тарабхонаи “Насими баҳор”.

Ғолибон бо ҷоизаҳои пулӣ, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.