15 июли соли 2025 иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ баргузор гардид.
Дар иҷлосия рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025” ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, ҷараёни амалисозии “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021–2025” низ муҳокима шуда, вобаста ба ин масъалаҳо муовинони соҳавии Раиси шаҳри Душанбе гузориш доданд.
Вакилон дар идомаи иҷлосия натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳои асосӣ барои нимсолаи дуюм-ро баррасӣ намуда, гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе дар ин мавзӯъро шуниданд.
Дар робита ба масъалаҳои баррасишуда, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр супориш доданд, ки барои таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Душанбе ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди саноат”, тамоми захираҳо ва иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода шаванд.