ш. Душанбе, июни соли 2025.
Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амволи шаҳр»-и Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе Давлатзода Давлат Раҳмон, инчунин аъзоёни ташкилоти ҳизбӣ ширкат варзиданд.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
— ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи минбаъда;
— интихоби раиси ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ;
— интихоби вакилон барои иштирок дар Конференсияи XXXIII Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ;
— баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Зимни ҳисоботи фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амволи шаҳр” фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб ва нақшаи кории худ ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиён Давлатзода Давлат Раҳмон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Шерализода Умед муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд. Ҳамзамон, барои иштироки намояндагон дар Конференсияи XXXIII Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сипас Қурбонзода Убайдулло дар суханронии худ таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи тафаккури Пешвои муаззами миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имрӯз ҳамчун ҳизби меҳварӣ ва умумимиллӣ фаъолияти пурсамар дошта, ҳадафи асосии он таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди устувори кишвар мебошад.
Дар анҷоми маҷлис ба аъзои наве, ки ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамзамон, ба як қатор аъзоёни фаъол Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.