Top Banner

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

19 июн 2025

ш. Душанбе, 19 июни соли 2025.
Имрӯз дар асоси Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Хотел» (Kangurt Grand Hotel) таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои дастгоҳ ва Мақомот мизи мудаввар таҳти унвони «Масъалаҳои дурнамои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ» баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз мизи мудаввар табодули натиҷаҳои илмӣ, андешаҳо ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти таҳияи дурнамои рушди устувори соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамчунин, иштирокчиён оид ба омилҳо ва тамоюлҳои афзоиши сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкориҳои судманди байни соҳибкорон ва такмили механизмҳои ҳавасмандгардонии сармоя изҳори назар намуданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар Набиев Тоҳир — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Маҳмадшарифзода Дилрабо — сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе,
Иброҳимзода Илҳомуддин — доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ,
ва Давлатзода Давлат — сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе, бо маърӯзаҳои илмиву таҳлилӣ баромад намуданд.

Дар қисмати муҳокимавии мизи мудаввар соҳибкорон ва меҳмонон фикру андешаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба роҳҳои рушди соҳибкорӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе иброз доштанд.