РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Баргузории вохӯрӣ бо намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон

22 август 2025

Имрӯз мулоқоти намояндагони Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндаи бахши хусусӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон — Ризо Фотеҳӣ баргузор гардид.
Мулоқот ба ташрифи ҳайати тоҷирони эронӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он баррасии имкониятҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ буд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя, истеҳсол ва интиқоли маҳсулоти рақобатпазир, аз ҷумла маводҳои сохтмонӣ ва ғизоӣ ба бозори шаҳри Душанбе мубодилаи афкор намуданд.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва баррасии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ иброз дошта, изҳори умед намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда бо натиҷаҳои назаррас тавсеа хоҳанд ёфт.