РАЁСАТИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ЧИНИИ «ДАМИНГУН (Damingong)»

09 июл 2025

Имрӯз вохӯрии ҳайати Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати чинии “Damingong”, ки дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва мебел фаъолият дорад, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва интиқоли маҳсулоти рақобатпазир ба бозори пойтахт мубодилаи афкор намуданд.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои баррасии лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ иброз дошта, изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда бо натиҷаҳои судманд идома хоҳанд ёфт.