ш. Душанбе, 4 июли соли 2024.
Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо сафири фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Салмон Бал, мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳри Душанбе ва Конфедератсияи Швейтсарияро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, дар бораи омодагиҳо ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария, ки баргузории он моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, гуфтугӯи судманд анҷом дода шуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми тарафайн баргузор гардид.