ш. Душанбе, 20 июни соли 2025.
Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амволи шаҳр»-и Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе хониши идоравӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони Раёсат ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Сардори Раёсат Давлатзода Давлат Раҳмон дар баромади худ таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик неъмати бебаҳо ва асоси суботу пешрафти давлат мебошад. Ба гуфтаи ӯ, истиқрори Ваҳдати миллӣ дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби сиёсӣ бо ҷонфидоиҳо ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба даст омада, боиси якдилӣ ва муттаҳидии халқи тоҷик гардид.
Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло бо истинод ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ саҳифаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон буда, рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши ҷомеа аст. Ба таъкиди ӯ, ин ҷашн ҳамзамон ангезаи масъулияти умумӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.
Дар анҷом таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд бо виҷдони пок ва садоқати баланд баҳри ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ саъю талош намояд.